ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Раҳбарикишвар дар ин мулоқот қайд кардааст, ки Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин давлатро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.
Ҳамчунин ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкорӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Кишвардори Тоҷикистон дар ин дидор дар бораи тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо таъкид кард.
Ба иттилои манбаъ ҳар ду тараф ба рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Раҳмон ҳамчунин аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда донист.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки тарафҳо дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор анчом дода шуд.
Инчунин тарафҳо тавсеаи бештари ҳамкории пурсамари ду давлат дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.