Қурби рубл дар Тоҷикистон каме боло рафт

Дар бозори арзи Тоҷикистон афзоиши қимати пули Русия пас аз якбора коҳишёбӣ ба назар расида, ин асъор ҳафтаро бо як сомонӣ гароншавӣ хотима дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 125 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл дар кишвар 1000 рубл 124 сомонӣ арзиш дошт.
Асъори аврупоӣ низ рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як евро 11.9083 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз як рӯз пеш қурби евро 11.8883 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Дар ҳамин ҳол вазъи пули амрикоӣ низ дар баробари сомонӣ рӯ ба гаронӣ дорад. Агар рӯзи қаблӣ бар ивази ҳар доллар 10.9137 сомонӣ медоданд, ҳоло 10.9140 сомонӣ медиҳанд.
Намояндаи Русия дар ХБА гуфт, сиёсати ғалати ИМА боиси каногарирӣ аз доллар шуд
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, ба ҷуз аз "Ориёнбонк" арзиши рублро дар баробари БМТ нигоҳ доштаанд.
Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 120 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 125 ва дар фурӯш 127,5 сомонӣ муайян намудааст. Дар "Алифбонк" бошад, 1000 рублро 125 ва 128 сомонӣ харидуфурӯш мекунад.
Дар "Спитаменбонк" низ, 1000 рубл зимни харид 125 ва ҳангоми фурӯш 128 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол, Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.