Қасди Тоҷикистон барои обёрӣ бо харҷи камтари барқ

Ҳукумати Тоҷикистон барномаи таҷдиду барқарорсозии инфрасохтори обёриро пеш гирифтааст, ки интизор меравад заминҳоро дар гардиши кишоварзӣ нигоҳ дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ дар ҷаласаи ахири ҳукумат баррасӣ гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки барномаи мазкур барои солҳои 2023-2027 пешбинӣ шуда, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода дар бораи барнома ҳисобот дод.
Аз ҷумла таъкид гардидаст, ки барнома ҷиҳати амалигардонии ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пеш гирифта шудааст.
Ҳадафи барнома азнавсозӣ ва барқарорсозии инфрасохтори обёрӣ, пешгирӣ намудани хавфи аз гардиши кишоварзӣ берун мондани заминҳои кишоварзии минтақаи обёрии мошинӣ арзёбӣ гардидаст.
Дар ноҳияи Рӯдаки наздик ба 700 гектар замин обёрӣ гардид
"Инчунин ҷорӣ намудани таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ барои сарфа кардани истифодаи нерӯи барқ тавассути пойгоҳҳои обкашӣ равона карда шудааст", - омадааст дар иттилоия.
Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки Барномаи сармоягузории бо таҷҳизоти муосиру каммасрафи барқӣ таъмин намудани пойгоҳҳои обкашӣ тасдиқ карда шавад.
Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди ҳукумати Тоҷикистон якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати амалишавии барнома ва ҷалби сармоя муваззаф шудаанд.
Талош барои истифодаи камтари барқ дар бахши дастгоҳҳои обкашӣ дар ҳолест, ки Агентии беҳдошти замин аз ҷумлаи калонтарин қарздор аз ҳаққи нерӯи барқ дар кишвар ба шумор меравад.