ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Дар Маскав муаррифии Маркази миллии дипломатияи мардумии Созмони ҳамкориҳои Шанхай дар Русия сурат мегирад.
Дар ин бора сафорати Русия дар Чин хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки марказ барои татбиқи сиёсати хориҷии Русия барои таҳкими СҲШ мусоидат кунад.
"Марказ ба таҳкими дӯстӣ ва эҳтироми мутақобил ба гуногунии фарҳангӣ ва тамаддуни байни мардумони кишварҳои ин созмон мусоидат хоҳад кард", - таъкид кард вазорати хориҷа.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар амал созмон бо сохторҳои шабеҳе, ки дар Тоҷикистон, Чин ва Ӯзбекистон фаъолият мекунанд, равобити уфуқӣ барқарор хоҳад кард.
Дар чорабинӣ вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров, инчунин намояндагони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои узв, нозирон ва шарикони Созмони ҳамкории Шанхай иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, Чжан Мин, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳайъати нозирон дар интихоботи раёсатҷумҳурии Ӯзбекистон раҳбарӣ мекард.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ӯзбекистон як гурӯҳи дигари нозирони байналмилалиро дар интихобот аккредитатсия кард.
Аз ҷумла, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин, ки ҳайати нозирони ин созмонро сарварӣ мекард, сабти ном шудааст.