Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Кори ҷангии Ka-52 дар минтақаи амалиёти низомӣ

Мақомоти низомии Русия нишон доданд, ки чӣ гуна чархболҳои муосири маъруф бо номи "Аллигатор" монеа пешрафти нерӯҳои украинӣ дар ҷабҳа шудаанд
Sputnik
Вазорати дифои Русия бо нашри навор нишон дод, ки халабони чархболи иктишофӣ-зарбавии Ка-52 зиреҳпӯшҳои Украинаро нобуд кард.
Ба иттилои ин манбаъ, бар асари зарбаи чархболҳои "Аллигатор" ду мошини зиреҳпӯши Украина нобуд гардиданд. Манбаъ тавзеҳ дод, ки зарба ба зиреҳпӯшҳои украинӣ бо мушакҳои идорашаванда расонда шудаст.
Украина дар авоили моҳи июн амалиёти муқовимати пурсарусадоашро пас аз чанд таъхир оғоз кард. Вазорати дифои Русия борҳо гуфта буд, ки нерӯҳои украинӣ талош доранд, дар самтҳои Донетски Ҷанубӣ, Артёмовск (Бахмут) ва Запороже пеш раванд, аммо муваффақ нашуданд.
Ҷалби Украина ба НАТО боиси авҷ гирифтани низоъ мешавад
Чархболи Ка-52 "Аллигатор" як чархболи хеле пешрафтаи ҳамлакунанда аст, ки аз ҷониби бюрои конструктории Камови Русия тарҳрезӣ ва истеҳсол шудааст.
Он дорои як системаи муосир мебошад, ки имкон медиҳад, ки қобилияти хуби ҳаракат ҳамзамон муътадилӣ таъмин карда шавад.
Чархболи ҷангии мазкур муҷаҳҳаз ба мушакҳои мухталиф ва силоҳи оташфишон мебошад, ки тавон доранд, аҳдофи мухталифи душманро нобуд созанд.
Қаблан Вазорати дифоъ гуфта буд, чархболҳои "Ка-52" барои иҷрои вазифаҳои ҷангии гузошташуда, ҷуфт-ҷуфт фиристода мешаванд, то ҳамдигарро дар осмон пуштибонӣ намоянд. Зикр шудааст, ки чархболҳо аз масофаи чандин километр ба техникаю нерӯи рақиб зарба мезананд.