ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар Русия тарҳи изҳороти зидди таҳқири муқаддасоти мусалмонон дар Шветсияро баррасӣ хоҳад кард. Дар ин бора дар Думаи давлатии Федератсияи Русия хабар доданд.
Пешниҳод шудааст, ки ин қатънома ба СММ, Ассамблеяи парлумонии СПАД ва САҲА, Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ ва СҲШ ва дигар созмонҳо ирсол карда шавад.
Дар баёния таъкид мешавад, ки "вакилон дар якҷоягӣ бо мусулмонони саросари ҷаҳон аз қарори мақомоти Шветсия, ки 28 июни соли 2023 дар рӯзи иди Қурбон ба баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ дар назди масҷиди асосии шаҳри Стокҳолм дар рӯзи иди Қурбон иҷозат додааст, ки дар ҷараёни он китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон оташ заданд, хашмгин шуд”.
Қайд карда мешавад, ки ин кирдорҳо асоси сулҳу амонӣ, муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо ва мамлакатҳоро вайрон мекунанд.
Дар баёнияи вакилон гуфта мешавад, ки "таҳқир кардани ашёи муқаддас ба озодии баён ва дин, ба принсипҳои демократия рабте надорад".
Илова бар ин, намояндагони Думаи давлатии Русия аз ҳуқуқи диндорон дифоъ мекунанд ва бар ин назаранд, ки яке аз аломатҳои ҷомеаи мутамаддинро “эҳтиром ба китобҳои муқаддаси динҳои пешқадами ҷаҳон, ки арзиши маънавӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи динҳо ва мероси фарҳангию таърихии онҳо мебошанд.
Қаблан пулиси Шветсия 28 июн - дар рӯзи иди Қурбон баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ бо сӯзондани Қуръон дар масҷиди асосии Стокҳолмро иҷозат дода буд.
Сарвазир Улф Ҳҷалмар Кристерссон гуфт, ки қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ "қонунӣ, вале номуносиб" аст.
Худи ҳамон рӯз ин амал сурат гирифт: марде саҳифаҳои Қуръонро канда, бо онҳо кафшҳояшро пок кард ва баъд дар қабати китоб бекон монду онро оташ зад.
Ба гузориши расонаҳо, тақрибан 200 нафар ин саҳнаро тамошо мекарданд, баъзеҳо бо нидоҳои "Худо бузург аст!" бо забони арабӣ ба нишони эътироз баромад мекарданд ва якеро полис пас аз кӯшиши сангпартоӣ ба сӯи "амалкунанда" боздошт кард.