Ҳушдор аз туфони ҷангу ғубор ва сел дар Хатлону ВМКБ

Аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Дар қисматҳои ҷануб ва шарқи Тоҷикистон ҳавои ноустувор авоили моҳи июл низ давом хоҳад кард.
Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании кишвар бо як ҳушдор иттилоъ додааст.
Ин ниҳод бо такя ба Агентии обуҳавошиносии кишвар гуфтааст, ки аз 30 июн то 2 июли соли 2023 дар вилояти Хатлон ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ тӯфони чангу ғубор идома хоҳад ёфт.
Ҳамчунин, рӯзҳои 3-4 июл бошад, дар вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ вазиши шамоли шадид бо суръати 13-18 м/с пешгӯӣ шуда, дар натиҷа туфони чангу ғубор ба амал меояд.

"Рӯзҳои 29 июн ва 5 июли соли 2023 дар қаламрави вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари омилҳои метеорологӣ (тӯфони ғубор), ифлосшавии ҳавои атмосфера бо моддаҳои мубтало (ғубор), ки зарраҳои он 10 микромет (Rm-10) ва 2,5 микромет(Rm-2,5) хоҳад буд", - афзудааст манбаъ.

Ба иттилои ин ниҳод, аз 29 июн то 5 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаромадани сели пиряхӣ пешгӯӣ шудааст.
Ин ниҳод, дар баъзе ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хатари омадани селҳои маҳаллиро аз эҳтимол дур намедонад.
ВҲФ Русия барои муҷаҳҳазсозии маркази наҷотдиҳӣ дар Тоҷикистон кумак мекунад
Кумита бинобар тағйирёбии обу ҳаво бо мақсади пешгирӣ намудани ходисаҳои нохуш такроран аз аҳолӣ даъват менамояд, ки то ҳадди имкон эҳтиёткор бошанд ва чунин тавсияҳоро риоя кунанд:
зимни ҳаракат дар манотиқи куҳӣ бехатариро риоя намоед;
ҳангоми ба шикор ё моҳидорӣ рафтан эҳтиёткор бошед;
кӯдаконро дар обанборҳо беназорат ё танҳо нагузоред, ба онҳо дар бораи манъи шиноварӣ дар ҷойҳои таҷҳизнадошта хотиррасон кунед.
дар сурати ифлосшавии хаво ниқобҳо пӯшед, дар биноҳо тозакунии тар гузаронед.