ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Бо супориши раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон комиссияи ҳукуматӣ дар умури бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ таъсис дода шуд, иттилоъ додааст дафтари матбюуоти президент.
Раҳбари кишвар ба сарвазир, комиссияи ҳукуматӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, дигар вазорату идораҳо ва сохтору мақомоти дахлдор дастур дод, ки барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиии рухдода тамоми тадбирҳои зарурӣ ва фавриро амалӣ намоянд.
Тибқи иттилои манбаъ кишвардори Тоҷикистон дастур додаааст, ки барои таъмини бехатарии аъзои 210 оилаи дар назди соҳили Шоҳдара ҷойгиршуда, аз ҷумла ба ҷойҳои бехавф кӯчонидан, бо маводи ғизоӣ ва дигар шароити зарурии зиндагӣ таъмин кардани онҳо, инчунин, барқарор намудани хонаҳои осебдида чораҳои бетаъхир андешида шаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи якбора гарм шудани ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо, баландшавии оби дарёи Шоҳдара ва омадани сел дар деҳаи Миденведи деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон офати табиӣ рух дод.
Офати табиӣ ба чандин хонаи истиқоматии аҳолӣ, роҳу пулҳо, иншооти иҷтимоӣ ва заминҳои кишоварзӣ зарар расонид.