ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштингирӣ соҳиби се медали тилло гаштанд.
Ин натиҷаи рӯзҳои аввали мусобика, ки дар шаҳри Душанбе мегузарад.
Қайд карда мешавад, ки чемпионати аввал то 30 июн идома хоҳад ёфт.
Ҳамин тариқ, Муллораҷаб Халифаев дар вазни 65 кг, Наврӯзи Каримзод дар вазни 71 кг ва Ҳақназар Назаров дар вазни 86 кг соҳиби нахустин медалҳои тилоишуданд.
Илова бар ин, Шоҳида Қаландарова дар вазни то 52 кг ва Раҳматуллобек Фарҳодов дар вазни то 78 кг соҳиби медали нуқра шуданд.
Тӯйчӣ Шарифов дар вазни 78 кг ва Хуршед Маҷидов дар вазни 86 кг медали биринҷӣ гирифтанд.
Ба мусобикаи гуштингирӣ зиёда аз 160 нафар варзишгарон ҷалб шуданд, наздик ба 100 нафари онҳо аз кишварҳои хориҷӣ омаданд.
Дар ин қаҳрамонӣ ба ҷуз тоҷикон намояндагони 27 кишвари ҷаҳон ширкат доранд.
Фонди ҷоизаи Қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштингирӣ 80 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ҷои аввал бо панҷ ҳазор доллар, дуюм се ҳазор ва сеюм ду ҳазор доллар мукофотонида мешавад.
Таъкид мешавад, ки ин мусобиқа омодагӣ ба чемпионати ҷаҳон дар риштаи гӯштин мебошад, ки моҳи сентябри соли 2023 баргузор мешавад.