ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Somon Air дар фурудгоҳи байналмилалии Кирмон фуруди изтирорӣ анҷом дод, иттилоъ дод расонаи эронии IRNA.
Ба иттилои манбаъ, сабаби фуруди изтирорӣ дар он будаст, ки мусофирон ба ёрии таъҷилии тиббӣ ниёз доштанд.
Таъкид шудааст, ки ҳодиса зуҳри 27 июн рух додааст. Манбаъ тавзеҳ дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Somon Air, ки парвози рақами 106 бо 189 мусофир, аз Дубай ба Душанбе парвоз мекард, ниёз ба фуруди изтирорӣ пайдо намуд.
Манобеи эронӣ навиштаанд, ки дар ҳавопаймо вазъи саломатии чанд мусофир бад шудааст. Фишори хунашон якбора паст шудасту барои наҷоти ҷонашон фармондеҳи ҳавопаймо дастур ба фуруд додаст.
Таъкид гардидааст, ки дарҳол пас аз фуруд гурӯҳи тиббии фурудгоҳ ба мусофирон ёрии зарурии тиббӣ расонд.
Дар иттилоия омадааст, ки баъди ба эътидол омадани вазъи саломатии мусофирон, табибон ба онҳо иҷозат доданд, ки сафарашонро идома диҳанд.
Баъди беш аз як соати бозмонӣ дар фурудгоҳи Кирмон тақрибан соати 14:19 ҳавопаймои мусофирбари ширкати тоҷикистонӣ парвозашро ба самти Душанбе анҷом додаст.