ДУШАНБЕ, 9 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Роштқалъаи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони заминларзаи навбатӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ба гуфтаи сейсмологҳо, шиддати ларзише, ки дар соати 02:30 шаб ба вақти маҳаллӣ рух додааст, 4,5 баллро ташкил додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷунбиши замин дар умқи қариб 24 километр будааст.
КҲФ ҳоло ин офати табииро шарҳ надодааст ва маълум нест, ки заминҷунбӣ чӣ хисорот ба сокинони ВМКБ расонд.
Маврид ба зикр аст, ки минтақаи мазкур аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳо бо қувватҳои гуногун пайваста ба амал меоянд.
Сахттарин заминларзаи тайи чанд моҳи ахир дар қаламрави Тоҷикистон бо шиддати 7,3 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дода буд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба сокинони шаҳру навоҳии Тоҷикистон чӣ гуна амал кардан дар вақти заминларзаро омӯзонида буд.
Ёдовар мешавем, ки бинобар назари зилзиласанҷон ҷумҳурӣ дар қатори кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон ба рӯйхати минтақаҳои аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол шомил шудааст.