Тоқаев бо Путин тафсилоти сафар ба Қазоқистонро баррасӣ кард

Раисҷумҳури Қазоқистон тафсилоти суҳбати телефонияшро, ки ахиран бо президенти Русия анҷом дод, дар сӯҳбат бо журналистон баён дошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Президенти Русия, Владимир Путин тирамоҳи соли равон аз Қазоқистон боздид хоҳад кард.
Дар ин бора раисҷумҳури Қазоқистон, Қосим Ҷомарт Тоқаев иттилоъ дода, афзуд, ки тафсилоти ин сафар зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин баррасӣ шуд.
Тоқаев зимни табрики намояндаҳои ВАО-и Қазоқистон бо иди касбияшон изҳор дошт, ки зимни сӯҳбати телефонии ахир бо Путин, ҳамаҷониба аз иқдомоти ӯ ҳимоят кардааст.
"Аз худи аввал зимни суҳбати телефонӣ бо президенти Русия ман изҳор доштам, ки иқдоми ӯ барои ҳифз ва таҳкими сохти конститутсионӣ ва қонуният ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт Тоқаев.
Ба гуфтаи Тоқаев, бо назардошти иқтидори давлати Русия ва шахсияти роҳбари миллии он дар ин бора ҳеҷ шакке набуд.
Русия ва Чин қасд доранд нақшаҳои НАТО дар Авруосиёро барҳам зананд
"Мо ҳатто сафари дарпешистодаи раисиҷумҳури Русия ба Қазоқистонро дар тирамоҳи соли ҷорӣ баррасӣ кардем. Феълан низ мавқеъи усулии Қазоқистонро дар мавриди таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷониба бо Русия дар формати шарикии дарозмуддат ва устувори стратегӣ тасдиқ мекунам", - изҳор дошт роҳбари Қазоқистон.
Вай афзуд, боварӣ дорам, ки чунин мавқеъ ба манфиатҳои мардум комилан мувофиқ аст.
Раисиҷумҳури Қазоқистон гуфт, шаҳрвандони кишвараш кӯшиши исёнро бо нигаронии зиёд қабул карданд.
Ин фаҳмо аст, зеро байни Қазоқистон ва Русия тӯлонитарин сарҳади давлатии ҷаҳон аст ва дар фазои ягонаи иқтисодӣ қарор доранд, афзуд Тоқаев.