ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Дар маҷлисгоҳи маҷмааи варзишии "Қасри варзиш"-и шаҳри Хуҷанд вохӯрии роҳбарият бо ҳайати мураббиён ва футболбозони бошгоҳи "Хуҷанд" баргузор гардид.
Дар ҷаласа тағйироти кадрӣ дар ҳайати мураббиёни тим эълон шуд.
Ҳамин тариқ, бо қарори раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Фаррух Марофиев ба вазифаи сармураббии бошгоҳи футболи "Хуҷанд" таъин гардид.
Шариф Зиёев бошад, ба унвони мураббӣ ва ёвари сармураббии даста таъин шудааст.
Инчунин, дар ҷаласа мураббӣ-селексионери даста Руслан Абдумавлонов, ки дар академияи "Реал Мадрид"-и Бекобод таҷриба дошта, инчунин роҳбарии "Пахтакор"-и Пролетарро дар гузашта ба зима дошт, муаррифӣ шуд.
Директори иҷроияи бошгоҳи футбол Муродҷон Умаров ба бозигарон барои фидокорӣ ва бозии зебо дар бозии ахир бо "Ҳосилот" изҳори сипос намуд.
Муродҷон Сафарович қайд кард, ки зери сарварии Фаррух Марофиев ва Шариф Зиёев фазои мусбат ҳукмфармост ва ҳама натоиҷи мусбат хушбинанд.
Фаррух Марофиев ба роҳбарият барои эътимод изҳори сипос карда, таъкид кард, ки ин барои ӯ шарафи бузург аст, аммо даста дар майдони футбол ва берун аз он ба интизом ва муносибати касбӣ ниёз дорад.
Қаблан бошгоҳи футболи "Хуҷанд" қатъи ҳамкорӣ бо мураббӣ Нӯъмон Ҳасановро, ки дар авоили моҳи май ба кор шурӯъ кард, таъйид карда буд.
Сабабаш шароити оилавӣ буда, ҳамчунин гуфта мешавад, ки Ҳасанов дар ояндаи наздик умуман ба ҳайси мураббӣ кор намекунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан яке аз масъулони даста ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки тасмими барканории мураббӣ ба далели натиҷаҳои ғайриқаноатбахш дар чанд бозии ахир гирифта шудааст.
Инак, як моҳ ба "Хуҷанд" муяссар шуд, ки дар вохурӣ бо "Вахш" танҳо як маротиба ғалаба кунад, вохӯриҳои боқимонда бо мусовӣ ва ё бох анҷом ёфтанд.