ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин варзишгарон, коргарон ва собиқадорони соҳаи варзишро ба муносибати 100-умин солгарди таъсиси мақомоти давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш табрик кард.
Вай дар паёми шодбошияш, ки Кремл нашр кардааст, таъкид намуд, ки Русия метавонад аз таърихи ғании варзиши ватанӣ ба таври ҳақиқӣ ифтихор кунад.
"Мо аз таърихи ғании варзиши ватанӣ воқеан ҳам фахр мекунем. Мамлакати мо аз чиҳати шумораи чемпионҳои олимпӣ ва ҷаҳон яке аз пешқадамҳо мебошад", - гуфт президенти Русия.
Вай зикр намуд, ки ҳанӯз дар ибтидои асрҳои 19—20 бошгоҳҳои сершуморе, дустдорони навъҳои гуногуни варзишгаронро муттаҳид месозад.
"Варзишгарони мо дар мусобиқахои бонуфуз баромад карда, ғолиби бозиҳои олимпӣ гардиданд. Паҳлавонону шоҳмотбозон, конкиронҳои рус дар тамоми ҷаҳон шуҳрат пайдо карданд", — гуфта мешавад дар паём.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2023 ҷашни 100-солагии Вазорати варзиши Федератсияи Русия ҳамчун як мақоми идории давлатӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷашн гирифта мешавад.
Рӯзи 27 июни соли 1923 Декрети Комитети иҷроияи марказии умумироссиягии дар бораи ташкил намудани Шӯрои тарбияи ҷисмонии меҳнаткашон қабул карда шуд.
Ба ӯҳдаи ин Шӯрои олӣ аз ҷумла фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва ташкилии марбут ба тарбияи чисмонии меҳнаткашон гузошта шуда буд.
Комиссари халқии ҳифзи тандурустй, мутахассиси намоёни бахши беҳдошт, Николай Александрович Семашко ба вазифаи раиси Шӯрои умумииттифоқӣ тасдиқ карда шуд.