"Онҳо ба мардум хиёнат карданд": Муроҷиати Путин ба шаҳрвандони Русия

Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар як паёми видеоӣ ба русҳо гуфт, шӯриши мусаллаҳонае, ки дар охири ҳафта сурат гирифта буд, ба ҳар ҳол пахш карда мешуд.
Ӯ ба шаҳрвандон барои устуворӣ, ҳамбастагии иҷтимоӣ ва рӯҳияи ватандӯстӣ изҳори сипос карда, таъкид намуд, ки ҳама гуна кӯшиши барангехтани нооромиҳо ба нокомӣ маҳкум аст.
"Душманони Русия мехостанд, ки кишвар дар муноқишаҳои хунини шаҳрвандӣ ғарқ шавад, онҳо хато ҳисоб кардаанд",- гуфт Путин.
Ба гуфти ӯ, онҳо кӯшиш мекарданд, ки ҷанговарон ва командирони ЧВК "Вагнер"-ро дар мақсадҳои пинҳонияшон истифода баранд ва ташкилкунандагони исён ба халқ ва ба онҳое, ки ба он ҷалб шуда буданд, хиёнат карданд.
Вай афзуд, ки аз оғози ҳодисаҳои рӯзи 24-уми июн бо дастури мустақими ӯ барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ иқдомоте сурат гирифтааст.
Президент ба низомиён, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсус, инчунин ба халабонҳои қаҳрамон, ки садди роҳи ошӯбгарон буданд, изҳори сипос кард.
Путин гуфт, созмондиҳандагони шӯриш ба шӯҳрати ҷангиёни "Вагнер" хиёнат карданд
Ёдовар мешавем, ки шоми 23 июн раиси ЧВК "Вагнер" бо раҳбарии Евгений Пригожин ба Маскав "марш" эълон карда буд.
Ба гуфтаи ӯ, ин суханронӣ дар пайи муноқишаи байни Пригожин ва Вазорати дифои Русия барангехта шудааст.
Рузи дигар қушунҳои рота Ростовро ишғол карда, ҳаракатро ба сӯи пойтахт давом доданд.
Дар натиҷаи гуфтушуниди дуру дарози Лукашенко ва сардори ЧВК бӯҳрон бартараф карда шуд.