"Ҷанги шаҳрвандиро пешгирӣ кардед": Муроҷиати Путин ба қудратиҳо - видео

Воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус фаъолияти боэътимоди ниҳодҳои идорию стратегиро таъмин карданд
Sputnik
Ҳарбиёне, ки дар саркӯби шӯриш ширкат доштанд, воқеан ҷанги шаҳрвандиро дар Русия ҷилавгирӣ намуданд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин зимни баромад дар назди воҳидҳои Вазорати мудофиа, Гвардияи миллӣ, кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва хадамоти махсус дар Кремл баён дошт.
Вай таъкид намуд, ки онҳо муҳофизони ҳақиқӣ мебошанд, ки дар лаҳзаҳои душвор садди исён шуданд, ки оқибати он метавонист бесарусомонӣ бошад.
"Шумо сохти конститутсионӣ, ҳаёт, амният ва озодии шаҳрвандони моро ҳимоя кардед. Ватани моро аз таҳаввулот наҷот додед, амалан ҷанги шаҳрвандиро ҷилавгирӣ кардед", - изҳор дошт Путин.
Вай дар хитоб ба афсарону сарбозон афзуд, ки дар вазъияти душвор равшан, созгорона амал кардед, садоқатмандии худро ба халқ исбот кардед.
Роҳбари Русия таъкид кард, ки азму далерии хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчунин муттаҳид шудани ҷомеаи кишвар дар пахши шӯриши мусаллаҳона нақши ҳалкунанда бозид.
Вай афзуд, мардуме, ки ба шӯриш кашида шуданд, диданд, ки артиш ва мардум бо онҳо нестанд.
Лукашенко гуфт, ки дар сурати фурӯпошии Русия ҳама нобуд мешаванд
Ба гуфтаи раисҷумҳур, сафарбаркунии сареъ ва дақиқи сохторҳои қудратӣ имкон дод, ки аз рушди ниҳоят хатарноки вазъ дар кишвар ҷилавгирӣ шавад.
Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар саркӯби ошӯб ба Русия лозим наомад, ки воҳидҳои ҷангиро аз минтақаи амалиёти вжаи низомӣ хориҷ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран талоши ошӯби мусаллаҳона аз ҷониби нерӯҳои "Вагнер" дар ҷануби Русия амалӣ шуд, ки дар пайи музокирот бидуни идомаи ташаннуҷи вазъ қатъ карда шуд. Созиш шуд, ки нерӯҳои "Вагнер" ба бошишгоҳҳояшон баргарданду саркардаи он Евгений Пригожин ба Белорус меравад.