Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

"Инашро пештар надида будед": дар ИМА қадами навбатии Путин дар Украинаро гуфтанд

Полковники мустаъфии Қувваҳои Мусаллаҳи Иёлоти Муттаҳида бар ин назар аст, ки артиши Русия тамоми қаламравҳои шарқи Украинаро озод хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Қадами навбатии раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар низоъ бо режими Киев озодсозии комили тамоми қаламравҳои шарқи Украина мебошад.
Дар ин бора полковник Дуглас МакГрегор, мушовири пешини раиси Пентагон дар сӯҳбат бо Judging Freedom дар YouTube изҳор дошт.
"Мардуми Русия мехоҳанд, ки ин муноқиша бо пирӯзии рӯшан ва якхела анҷом шавад. Фикр мекунам, Путин аз ин хабардор аст", - гуфт коршинос.
Коршинос иддао дорад, ки раҳбари Русия ба шарофати нерӯҳои худ тамоми манотиқи шарқии Украинаро комилан озод мекунад ва дар сурати набудани посухе аз Киев ва ё Ғарб, артиши Русия метавонад боз ҳам бештар ба ғарб биравад.
Дар ИМА гуфтанд, ки чаро аслиҳаи ғарбӣ Украинаро аз шикаст наҷот намедиҳад
"Мо метавонем ҳамлаи шадидтар ва ҳалкунандаро интизор шавем, мо то ҳол чунин чизеро надидаем", - хулоса кард МакГрегор.
Қаблан як мушовири пешини раиси Пентагон гуфта буд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар талоши ҳамла ба мавқеъҳои дифои Русия 15 ҳазор нафарро аз даст додаанд.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс сурат бигирад.