ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз баргузории барномаи бузурги идона бахшида ба Рӯзи Ваҳдат хабар дод.
Ин барнома фардо, 27 июн, дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳ”, маҳалли баргузории идҳои бузурги шаҳри Душанбе иҷро мешавад.
Мирзолим Саидов, сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон, гуфт, дар ин барномаи васеъи фарҳангӣ як қисмати бузургони аҳли мусиқӣ ва фарҳанги кишвар барои ҳозирин барнома иҷро хоҳанд кард.
“Ҳоло гуфта наметавонем, ки аз мақомот кӣ дар ин ҷашн ширкат мекунад, аммо ҳузур ва иҷрои ҳунарпешагони маъруфи кишвар дақиқ аст”, - гуфт Мирзолим Саидов.
Вай афзуд, ду театри бузурги Тоҷикистон – Театри ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ ва Театри ҷавонони Маҳмудҷон Воҳидов барои иҷрои барномаҳо ба вилояти Бадахшон эъзом шудаанд.
“Онҳо як ҳафта ба ин сӯ дар тамоми навоҳии вилояти Бадахшон намоишномаҳои худро ба мардуми маҳал иҷро мекунанд”, - гуфт сардори Раёсати санъати вазорати фарҳанги Тоҷикистон.
Ба қавли ӯ, рӯзҳои истироҳат аз шанбеи гузашта то рӯзи 27 июн дар тамоми боғҳои фарҳангии Тоҷикистон консертҳо баргузор мешаванд.
27 июн дар Тоҷикистон аз соли 1997 ба ин сӯ ҳамчун Рӯзи Ваҳдати Миллӣ таҷлил мешавад.
Дар ин рӯз дар шаҳри Маскави Русия Созизномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ миёни ҳукумат ва мухолифини Тоҷикистон ба имзо расида буд, ки амалан бар ҷанги дохилӣ дар кишвар нуқта гузошт.