Намоишгоҳи байналмилалии "Суғд Экспо - 2023" тайи ду рӯз идома кард. Баргузории ин чорабинии иқтисодӣ садҳо соҳибкорони ватанӣ ва хориҷи дуру наздикро дар Хуҷанд гирди ҳам овард.
Кишоварзону соҳибкорон ҳосили меваю сабзавот ва маҳсули коргоҳҳои худро дар маърази умум қарор доданд.
Тайи ду рӯз дар шаҳри Хуҷанд миёни соҳибкорони тоҷику хориҷӣ аз ҷумла Руссия созишномаҳои зиёди ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, намоишгоҳи “Суғд Экспо -2023” заминаи нави ҳамкори миёни соҳибкорони тоҷик ва русро фароҳам меоварад.
Ғайрат Қобилзода, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд гуфт, соҳибкорони тоҷик бо ҳамтоёнашон аз Русия 35 шартномаи ҳамкории тиҷорӣ имзо карданд, ки дар муқоиса ба дигар кишварҳои иштирокдори Намоишгоҳ аз ҳама бештар будааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба Намоишгоҳи “Суғд Экспо -2023” рафт ва набзи онро ба навор гирифт, ки хеле ҷолибу диданист