Назаралиев: Тиҷорати Русия ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад - видео

Раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар бораи дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратии кишварҳо, ки дар ҳамоиши “Суғд-2023” баррасӣ шуд, изҳори назар кард
Sputnik
Тиҷорати Русия ба имкониятҳои сармоягузорӣ ва тиҷорате, ки Тоҷикистон фароҳам меорад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир мекунад.
Дар ин бора Ислом Назаралиев, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар ҳамоиши “Суғд-2023” ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Вай ёдовар шуд, ки ҳайати Русияро дар ин чорабинӣ беш аз 30 ширкат аз 16 минтақаи кишвар намояндагӣ карданд – ширкати соҳибкорони русӣ васеъмиқёс ва фаъол гардид.
"Мо мебинем, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории худ кори бузургеро анҷом додааст. <...> Онҳо моро дар ин ҷо интизоранд, мо метавонем дар ин ҷо кор кунем", - хулоса кард Назаралиев.
Ёдовар мешавем, ки дар ҷараёни форум ҷонибҳо ба ҳамдигар имкониятҳои ҳамкорӣ пешниҳод намуданд.
Соҳибкорони Тоҷикистону Русия 35 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Дар нати ҷаи он созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳои гуногун, аз ҷумла сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии "Суғд" ва "Кӯлоб", азхудкунии заминҳои нави кишоварзӣ дар вилоят, бунёди корхонаҳои муштарак ба имзо расид.