ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Дар рафҳои дӯконҳои Русия пайдо шудани меваҳои ҳосили нав аз Тоҷикистону Ӯзбекистон нархи ин маҳсулотро ба эътидол овардааст.
Дар ин бора дар мусоҳиба бо Радиои Sputnik доктори илмҳои иқтисод, таҳлилгари бозори кишоварзӣ Леонид Холод изҳор дошт.
"Таваҷҷӯҳ кунед, ба он меваю сабзавот, ки дар инҷо ҳам мерӯянд, вале дертар мепазанд, ки аз Ӯзбекистону Тоҷикистон оварда мешаванд. Пештар нархи онҳо комилан "фазоӣ" буд, ҳоло поин рафта истодааст", - гуфт ӯ.
Инак, дар моҳи май як килограмм гелос 1000—1200 рубл буд, ҳоло — 400—500 аст, қайд кард Холод.
Дар қимати нектарину шафтолу ва зардолу низ ҳамин тавр аст, суханашро давом дода гуфт мутахассис: арзиши аслии он ду-се баробар кам шудааст.
"Ҳар қадаре, ки онҳо ба мо меваи зиёд оваранд, нархи онҳо ҳамон қадар арзонтар мешавад. Вақте ки ҳосили мо - Краснодар, Ставропол, Ростов меояд - пастшавӣ боз ҳам бештар мушоҳида мешавад", - пешгӯӣ кард Холод.