Вазорати дифои Русия навори тахриби пойгоҳи артиши Украина тавассути паҳподҳои низомиро нашр кард.
"Дар натиҷаи зарбаи як паҳподи навъи квадрокоптер, пойгоҳи артиши Украинаро бо ҷангиён ва аслиҳа нобуд кард", - сабт шудааст дар видео.
Наворҳо нишон медиҳанд, ки чӣ гуна паҳподҳо ба мавқеъҳои душман ҳамла мекунанд. Вазорат гуфтааст, ки пойгоҳи артиши Украина дар самти Запорожие ҷойгир буд.
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми июни соли 2023 нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба нерӯгоҳи барқи обии Каховка ҳамлаи мушакӣ анҷом доданд, ки дар натиҷа данба хароб шуда, бе назорат берун рафтани об оғоз шуд.
Вайрон шудани НБО ба табиат зарари калон расонд, киштзорҳои хоҷагиҳои соҳили Днепр низ шуста шуданд.
Котиби матбуотии президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков ҳамла ба нерӯгоҳи Каховскаяро як тахрибкории барқасдона аз ҷониби Украина номид.
Вай афзуд, ки Киев бояд тамоми масъулиятро барои оқибатҳои ин ҳодиса бар дӯш гирад.