ДУШАНБЕ, 25 июн — Sputnik. Сухангӯи ҳукумати толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, дар як гуфтугӯи вижа бо хабаргузории “Ому” дар посух ба ин пурсиш, ки чаро аксарияти аъзои кабина ва дигар мақомҳои толибон* паштун ҳастанд, гуфт "бояд бигӯям, ки аз лиҳози муҳосибаи аксарият тамоми миллати мо паштун ҳастанд, ба ин маъно аст, ки як чизе табиист", иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар идома ба ҷавоби муҷрӣ, ки оё саршуморӣ анҷом шуда, ки собит кунад, ки паштунҳо аксарият ҳастанд мегуяд хайр.
Ин дар ҳолест, ки нишастҳои байналмилалӣ дар бораи Афғонистон борҳо бар ташкили ҳукумати фарогир таъкид кардаанд.
Қобил ёдоварӣ аст, ки дар таркиби кобинаи толибҳо як ҳазора, як ӯзбек ва як тоҷик ҳастанд.
Ба ҳар ҳоли аъзои кабинаи толибҳо аз нигоҳи сиёсии ҳама толиб ҳастанд ва ҳеҷ кадом аз аҳзоби дигар дар ин ташкил ҷой надоранд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2021 баъд аз тарки нерӯҳои Ғраб гурӯҳи толибҳо қудратро ба дасти худ гирифтанд ва худи ҳамон сол аъзои ҳукумати худро эълон карданд.
Толибҳо — * ин созмон ба далели фаъолиятҳои террористии таҳти таҳримҳои созмон милал аст.