ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден ва нахуствазири Ҳиндустон Норендра Модӣ дар баёнияи муштарак бар аҳамияти ташкили як сохтори сиёсии фарогир дар Афғонистон таъкид карданд.
Дар ин баёния, ки дар ҷараёни сафари Модӣ ба Вашингтон мунташир шудааст, сарони Амрико ва Ҳинд аз як Афғонистони сулҳомез, амну босубот ҳимоят карданд.
Бар асоси ин баёния, Байден ва Модӣ вазъияти кунунии башардӯстона дар Афғонистонро мавриди баҳс қарор дода ва бар лузӯми тадовуми ироаи кумакҳои башардӯстонаи фаврӣ ба мардуми Афғонистон тавофуқ кардаанд.
Сарони ду кишвар, ҳамчунин, аз ҳукумати толибон хостаанд то ба қатъномаи 2593 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид пойбанд бошанд ва набояд хоки Афғонистон барои таҳдид ё ҳамла ба кишваре, паноҳ додан ё омӯзиши террористҳо, барномарезӣ ё таъмини молии ҳамалоти террористӣ истифода шавад.
Байден ва Модӣ бо тааҳҳуд ба идомаи ройзаниҳои наздик дар мавриди вазъияти Афғонистон, бар аҳамияти ташкили як сохтори сиёсии фарогир дар ин кишвар таъкид кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Созмони Милали Муттаҳид мақомоти кунунии Афғонистонро барои он интиқод кард, ки ин кишварро дубора ба маркази терроризм табдил додаанд.