Кормандони “Россия сегодня” дар чаҳор мастер-класс барои рӯзноманигорони Тоҷикистон, Озарбойҷон, Гурҷистон, Қазоқистон, Молдова ва Қирғизистон дар бораи таҷриба таҷриба ва кори худ нақл карданд.
Иштирокчиён дар бораи тарғибу пешбурди шабакаи Telegram худ, навиштани сарлавҳаҳои ҷолиб, таҳияи мундариҷаи видео ва ҳатто татбиқи технологияҳои VR маълумот гирифтанд.
Дар ин мастер класс кормандони "Россия сегодня" аз таҷриба ва маҳорати хабарнигории худ ба ҳозирин нақл карданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, дар шароити кунунӣ, ки суръати интернет ва дарёфти иттилоот ба маротиб афзоиш ёфтааст, хеле муҳим аст, мутмаин бошем, ки хонанда маводи хабарнигорро мехонад ва мехоҳад дубора ба манбаи шумо баргардад.
“SputnikPro” як лоиҳаи байналмилалии омӯзиши ВАО мебошад, ки бо ташаббуси оҷонсии Sputnik роҳандозӣ шудааст.