Дар шаҳри Хуҷанд нахустин ҳамоиши соҳибкорони муваффақи G5 баргузор шуд, ки дар он хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ширкат дошт.
Гуфта мешавад, ки чорабинӣ дар ҳудуди Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ баргузор шуд.
Дар ҳамоиш директори Муассисаи давлатии "Бизнес-инкубатори Тоҷикистон" Дилшод Ҷӯразода қайд кард, ки дар чорабинии мазкур соҳибкорони муваффақ ширкаткунандагонро бо достони комёбиҳои шахсии худ шинос мекунанд.
Илова бар ин, хабарнигори Sputnik Тоҷикистон бо тоҷирони ҷавон, ки барои дарёфти донишҳои муфид ба ин чорабинӣ омада буданд, ҳамсӯҳбат шуд.
Ҳамин тавр, яке аз соҳибкорони вилояти Суғд таваҷҷӯҳи худро ба он ҷалб кард, ки ҷорӣ шудани имтиёзҳои андозӣ теъдоди соҳибкоронро ба таври қобили мулоҳиза афзоиш дода метавонад. .