Таркиши сахт дар тарабхонаи Чин: Ҳалокати беш аз 30 нафар - Видео

Ба иттилои расонаҳо дар натиҷаи таркиш даҳҳо нафар ба шаҳодату захмӣ гардиданд. Яке аз захмишудагон дар ҳолати сангин дар беморхона аст
Sputnik
Бар асари таркиш дар як тарабхонаҳои шаҳри Инчуан, вилояти мухтори Нинся Ҳуи Чин беш аз 30 нафар кушта ва ҳафт нафар захмӣ шуданд.
Дар ин бора хабаргузории Синхуа хабар додааст.
Таъсиси "Маркази омӯзиши Тоҷикистон" дар Чин
Ҳодиса рӯзи 21 июн тақрибан соати 20:40 ба вақти маҳаллӣ дар як кӯчаи серодам дар минтақаи Синцин сурат гирифт. Таркиш бар асари гази аз қубур зиҳида ба амал омадааст.
Гуфта мешавад, ки вазъи яке аз қурбониён вазнин аст. дар ҳоли ҳозир пулиси Чаин сабабу ҳолатҳои ҳодисаро таҳқиқ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш як ошхона ва нуқтаи савдо дар ноҳияи Айнии вилояти Суғди Тоҷикстон ба коми оташ рафта буд.
Сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқ арзёбӣ мешавад ва ҳоло дақиқан ҳаҷми хисороти расида муайян нашудааст