ДУШАНБЕ, 22 июнь — Sputnik. Кишварҳои Ғарб тасмим гирифтанд, ки бо Русия “то охирин украинӣ” биҷанганд, - гуфт Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мулоқот бо аъзои доимии Шӯрои Амният.
"Таҷҳизотро, албатта, метавон ба таври иловагӣ ворид кард. Аммо, захираи сафарбаркунӣ бемаҳдуд нест", - таъкид кард ӯ.
Бо вуҷуди ин, ба гуфтаи Путин, иқтидори ҳамлаи артиши Украина ҳанӯз тамом нашудааст.
"Аз шумо хоҳиш мекунам, ки ҳангоми ташкили корҳои ҷангӣ инро ба назар гиред: шумо бояд аз воқеият баромад кунед", - таъкид кард раҳбари Русия.
Дар ин нишаст ҳамчунин вазъи артиши Русия низ баррасӣ шуд.
Ҳамин тавр, ба гуфтаи Сергей Шойгу, вазири дифои Русия, то охири моҳи июн дар Русия як артиши эҳтиётӣ ва як корпуси дигар ташкил карда хоҳад шуд: ин воҳидҳо беш аз 3,7 ҳазор таҷҳизоти низомӣ мегиранд.
Илова бар ин, вазири дифоъ қайд кард, ки “панҷ гурӯҳ ташкил ва ҳоло то 60% пур карда шудааст”.
"Мо захираҳоро ҳам аз лиҳози таҷҳизот ва ҳам аз лиҳози кадрӣ фаъолона ташаккул медиҳем", - гуфт вазир.