"Набарди зебо хоҳад буд": Лоиқ Раҷабов дар бораи муборизаи навбатияш дар UFC сӯҳбат кард

Размикори номовари тоҷик ба муборизаи навбатияш дар UFC хушбин аст ва умедвор аз он аст, ки ин рақобат ҷолибу диданӣ хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Варзишгари тоҷик Лоиқ Раҷабов аз набарди дувум дар чемпионати Ultimate Fighting Championship, ки рӯзи 24-уми июн баргузор мешавад, интизориҳои худро баён кард.
Ба гуфтаи ӯ, Матеуш Ребеккии лаҳистонӣ, ки бо ӯ Раҷабов бояд мубориза барад, як рақиби ботаҷриба буда, рекорди хуб дорад: 17 пирӯзӣ ва як бохт.
"Вай тарканда аст, меҷангад ва зарба мезанад, аммо ман ба UFC омадаам, то бо рақибони пурқуввати сабкҳои гуногун мубориза кунам, аз ин рӯ, фикр мекунам, ки мубориза ҷолиб хоҳад буд", - изҳор дошт размикор.
Дар мусоҳиба бо Meta MMA Раҷабов афзуд, ки худи ӯ низ бо ҳамин услуб мубориза мебарад, зарба задан ва пеш рафтанро низ дӯст медорад, аз ин рӯ мубориза зебо хоҳад буд.
"Фақат барои мубориза барқарор шудан боқӣ мондааст, дигараш хуб мешавад",- гуфт ӯ.
Раҷабов размикори шикастнадидаро дар UFC мағлуб карду рекорд гузошт
Ёдовар мешавем, ки нахустин вохӯрии Раҷабов дар лигаи UFC ба фоидаи муборизи тоҷик анҷом ёфт.
Рақиби ӯ варзишгари қаблан мағлубнашудаи Аргентина Эстебан Рибович буд.
Ӯ на танҳо аз рӯи холҳо ғолиб омад, балки рекорди пешбарӣ барои дебютанти сабукро низ гузошт: дар 3 раунд 11 маротиба партоб ба замин дошт. Дар ҳоли ҳозир Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва ягона мусовӣ дорад.