ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-17) таҳти раҳбарии Раҳматулло Фузайлов дар Ҷоми Осиё-2023 бозии ҳассосро дар пеш дорад.
Яккачини кишвар дар доираи ин мусобиқа шоми имрӯз бо тими Австралия вориди рақобат мешавад.
Барои роҳ ёфтан ба чаҳорякниҳоӣ дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 ба миллипӯшони тоҷик зарур аст, ки ин рақобатро бо пирӯзӣ анҷом диҳанд.
Дар сурати бохт мунтахаб аз идомаи ширкат дар мусобиқа маҳрум мешавад.
То кунун дар Ҷоми Осиё мунтахаби кишвар ду бозӣ доир карда, рақобати аввалро бо Чин мусовӣ (1:1) ва дуюмиро бар АМА (0:2) бохт.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон, ки аз 15-уми июн то 2-юми июл дар Таиланд ҷараён дорад, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи "С" бозӣ мекунад.
Ду вохӯрии аввал дар марҳилаи гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон дар шаҳри Чонбурӣ баргузор шуд ва бозии даври ниҳоӣ дар Бангкок доир мешавад.
Ин рақобат дар варзишгоҳи “Раҷамангала” соати 15:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.
Аз рӯи натоиҷи Ҷоми Осиё-2023 миёни ҷавонон чаҳор дастаи беҳтарин соҳиби роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2023 мешаванд.