ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар кишварро эълон кард.
Иди Қурбон соли 2023 ба 28 июн рост меояд. Ин тасмим бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон гирифта шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин ба хабар дод ва гуфт қарори мазкур зимни баргузории ҷаласа гирифта шуд.
"Вақти баргузории намози Иди қурбон дар кулли масоҷиди кишвар соати 06:00 дақиқа доир мешавад",- гуфтанд аз ин ниҳод.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи корӣ рост омад. Тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзҳои 28 июн дар кишвар рӯзи ғайрикорӣ ҳисобида мешаванд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад.
Ҷашни идҳои мазҳабии мусалмонон ҳамасола дар рӯзҳои гуногун аз моҳи июн то сентябр ҷашн гирифта мешавад.
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.