ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар Душанбе ба муносибати Иди Қурбон ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ шуд.
Дар ин бора қарори раиси шуҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имзо шудааст.
Ҷамшед Олимов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ярмаркаҳо дар чор навоҳии пойтахт баргузор мегарданд:
Имсоили Сомонӣ - бозори "Меҳргон";
Шоҳмансур - назди Кумитаи сохтусоз ва меъморӣ;
Сино - бозори "Деҳқон" ва майдони Қараболо;
Фирдавсӣ - бозори "Саховат".
Манбаъ афзуд, ярмаркаи маҳсулоти нисбатан арзон як ҳафт аз 21 то 27 июн давом мекунад.
Ёдрас мешавем, ки имсол бар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон ва бо қарори Шӯрои уламо имсол 28 июн таҷлил мегардад.
Маврид ба зирк аст, ки Иди Қурбон имсол ба рӯзи корӣ рост омад. Тибқи қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" рӯзҳои 28 июн дар кишвар рӯзи ғайрикорӣ ҳисобида мешаванд.
Маъмулан Иди Қурбон пас аз 70 рӯзи иди Рамазон ҷашн гирифта мешавад..
Чунин тафовути калони ҷашнгириро бо он шарҳ медиҳанд, ки тақвими мусалмонӣ тақрибан 354 рӯзро ташкил медиҳад, ки аз соли офтобӣ 10 ё 11 рӯз камтар аст. Маҳз ҳамин номутобиқӣ боис мешавад, ки таҷлили ин идҳо ба вақтҳои гуногун рост меояд.