Баррасии Эрону Афғонистон дар бораи истифодаи роҳи оҳани Хоф-Ҳирот

Сафир Эрон дар Кобул бо раиси идораи роҳи оҳани Афғонистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар бораи истифодаи роҳи оҳани Хоф ва Ҳирот дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Сафир ва намояндаи вижаи раиси Эрон дар умури Афғонистон Ҳасани Козмии Қумӣ дар дидор бо Бахтураҳмони Шарофат раиси идораи ройоҳани Афғонистон густариши ҳамкориҳо ва масъалаи ба кор бурдани роҳи оҳани муштаракро баррасӣ намуданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Аз ҷумла сафири Эрон дар Кобул бо ҳукумати феълии ин кишвар дар бораи истифодаи роҳи оҳани Хоф ва Ҳирот, инчунин ҳамкориҳои омузиши ва фанни ва таҷҳизоти табодули назар кард.
Иттилоъ дода шудааст, ки пас аз ифтитоҳи дусоли пеши хати оҳани Хофи Эрон ва Ҳироти Афғонистон бо ҳузури маҷозии раисҷумҳури собиқи Эрон ва Афғонистон танҳо ду навбат қатори омузиши руи ин роҳи оҳан ба ҳаракт даромад ва ҳануз амалиёти расмии интиқоли коло ва мусофир аз ин масири роҳи оҳан оғоз нашуда аст.
Ин хати ҳона ки бо кумкти Эрон сохта шуд солона зарфияти интиқоли 6 миллион тонна коло ва 1 миллион мусофирро дорад.
Оғози интиқоли колоҳои эронӣ ба Афғонистон тариқи роҳи оҳан
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дабири кулли шурои ҳамоҳанги байналмилалӣ ҳамлунақли фаро Авруосиё гуфт, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоли барномарезии бунёди як масири роҳи оҳани ҷадид ҳастанд
Дабири кулли шурои ҳамоҳангии байналмилалии ҳамлунақли фаро Авруосиё Гуноди Бусунов бо эъломи ин хабар афзуд, ки пас аз сохти қитаъи гумшудаи Рашт-Осторо ки роҳи оҳани Эрон ва Озарбойҷонро ба ҳам пайваст мекунад хати релии ғарб-шимол-ҷануб дар каридури мазкур қобилияти ҷо ба ҷоӣ 17 миллион тонна бор дар солро дорад.