ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Дар Афғонистон панҷумин ҳолати гирифторӣ ба фалаҷи атфол сабт гардид, хабар медиҳад "Парс тудей" бо истинод ба Вазорати беҳдошти ин кишвар.
"Кӯдаки мубтало ба бемории фалаҷи атфол дар шаҳристони "Дурбобо" дар вилояти Нангарҳор ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ меафзояд, бемайлӣ ва нобоварии хонаводаҳои афғон ва ҳамзамон ҷанги тӯлонӣ боис шуд, ки ин дард дар Афғонистон ҳанӯз ҳам решакан нашудааст.
Дар ҳамин замина, ахиран Созмони ҷаҳонии беҳдошт аз эҷоди 37 марказ барои шиносоии кӯдакони мубтало ба фалаҷи атфол дар саросари Афғонистон хабар дод.
Ёдовар мешавем, Вазири тандурустии Тоҷикистон дар нишасти моҳи феврали соли ҷорӣ эълон кард, ки соли гузашта дар мамлакат ягон мавриди гирифтории бемориҳои хавфнок, аз ҷумла фалаҷи атвол сабт нагардидааст.
Бояд гуфт, соли 2021 дар сартосари Тоҷикистон кӯдакон ваксина алайҳи ин бемориро гирифта буданд. Ҳамон сол Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар поёни моҳи март вуҷуди бемории фалаҷи атфол дар Тоҷикистонро эълом карда буд.
Аввалин ҳолати полиомиелит дар вилояти Хатлон ба қайд гирифта шуда, сипас ин беморӣ дар деҳоти минтақаи Ҳисор пайдо шуд.
Ҳоло аз маризӣ дар Тоҷикистон дараке нест.