ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло арзи русӣ ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли ҷорӣ мерасад.
БМТ барои имрӯз 20 июн 1000 рублро 129,5 сомонӣ мқаррар кардааст, ки нисбат ба як рӯзи қаблӣ боз 0,5 сомонӣ поин рафтааст.
Асъори русӣ сар аз аввали сол бо тағйироти наонқадар чашмрас дар як ҳадди миёни қарор дошт, аммо шурӯъ аз баҳор ва ҳамакнун тобистон поин меравад.
Асъори аврупоӣ бошад бо доллари амрикоӣ дар як хатти мобайнӣ, бо каме болоравӣ ва ё гоҳе коҳиш ҳаракат доранд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9134 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки рӯзи қаблӣ як доллар ба 10.9132 сомонӣ баробар буд.
Дар ҳамин ҳол пули аврупоӣ каме боло рафтааст. Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.9229 сомонӣ медиҳанд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9130 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.7598 то 12.0500 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 0. 130 то 0.133 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.