ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ғарб Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД)-ро таҳдиде барои бартарӣ дар арсаи байналмилалӣ медонад. Дар ин бора, вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт.
Ба гуфтаи вай, маҳз ба ҳамин далел кишварҳои НАТО талош доранд, ки ин созмонро "тақсим" кунанд ва ҳамчунин БРИКС ва СҲШ-ро аз ҳам ҷудо намоянд.
"Мо шоҳиди амалҳои ноумедона ва таҷовузкоронаи Ғарб <...> ҳастем, аз ҷумла кӯшиши корбурди усулҳои бевиҷдонона барои барангехтани монеаҳо дар муносибатҳои аъзои СААД".
Лавров бо раисиҷумҳури Белорус Александр Лукашенко якуним соат суҳбат кард ва ӯ арзёбии худро дар бораи вазъи ҷаҳон, ки ба амалҳои муштарак мувофиқанд ва рушди минбаъдаи созмонро асоснок мекунанд, баён кард.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Русия, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки ба ин фишори Ғарб муқовимат кардан ва уҳдадориҳои иттифоқчигиро пурра иҷро намудан ва ҳамраъйиро тақвият додан лозим аст.
Қаблан вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви СААД дар Минск музокиротро дар ҳайати маҳдуд оғоз карданд.
Гуфта мешавад, ки дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои вазъ ва дурнамои рушди вазъи байналмиллалӣ ва минтақавӣ ва таъсири он ба амнияти кишварҳои узви СААД иборат аст.
Мавзӯи ҳамкориҳои СААД бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, бахусус СММ, ИДМ ва СҲШ низ муфассал баррасӣ хоҳад шуд.
Ба Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 6 давлат – Русия, Тоҷикистон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон ва Қирғизистон шомиланд.