ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҷудокорони тоҷик пас аз анҷоми мусобиқоти қаҳрамонии Тоскулоҳи бузург дар Остона дар раддабандии олимпӣ боло рафтанд.
Grand Slam сеюмин чорабинии муҳимтарин дар тақвими байналмилалии варзишӣ мебошад. Ғолибият аз рӯи он 1000 имтиёз, ҷои дуюм 700 ва барандагони медалҳои биринҷӣ 500 имтиёз ба даст меоранд.
Темур Раҳимов рӯйхати олимпиро дар вазни беш аз 100 кг боз мекунад. Ин ҷудокори тоҷик, ки дар мусобиқаи Остона медали нуқра ба гардан овехт, соҳиби 2450 имтиёз ба даст овард ва дар садри раддабандӣ боқӣ монд.
Сомон Маҳмадбеков дар вазни 81 кг барандаи нишони заррини ин мусоқа гардид. Ӯ бо касби 1300 хол ҳамакнун дар зинаи 11 ум қарор гирифт.
Нуралӣ Эмомалӣ бо 1235 имтиёз дар ҷои 14-ум, Комроншоҳи Устопириён бо 1094 имтиёз дар ҷои 15-ум ва Беҳрӯзи Хоҷазода бо 735 имтиёз дар мақоми 23-юм қарор доранд.
Агар интихоби олимпӣ худи ҳозир ба анҷом мерасид, ин варзишгарон роҳхатҳои бозиҳо мегирифтанд.
Зимнан, рейтинги расмие, ки аз рӯи он иштирокчиёни Олимпиада муайян мешаванд, то ҳол шакли ниҳоии худро нагирифтааст ва Федератсияи байналмилалии ҷудо натоиҷи расмиро низ ҷамъбаст накардааст.
Ёдовар мешавем, ки дар ин бозиҳо дар ҳар вазн 18 варзишгар рақобат мекунанд ва танҳо як варзишгар метавонад дар як категорияи кишварро намояндагӣ кунад.