ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон рафт.
Президент боздидаш аз минтақаро нахуст аз ноҳияи Ховалинг оғоз кард, хабар медиҳад, дафтари матбуоти вай.
Ӯ нахуст бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳияро мавриди истифода қарор додааст, ки гуфта мешавад, хуштарҳу замонавӣ сохта шуда, аз таҳхона ва ду ошёна иборат мебошад.
Дар идома президент бинои Маркази ташхисию табобатӣ дар назди Муассисаи ғайридавлатии таълимии “Коллеҷи тиббӣ”-и ноҳияро мавриди истифодабарӣ қарор додааст.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дар ошёнаи якуми бинои 5-ошёна ҷойгир буда, ошёнаҳои болоӣ ҳамчун синфхонаҳои таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Маркази нави ташхисию табобатӣ дорои 11 ҳуҷра, аз ҷумла бемориҳои занона, табобати дандон, озмоишгоҳ, асабшинос, ҳуҷраи хатна, физиотерапия, ташхиси функсионалӣ, безараргардонӣ ва гӯшаи гиёҳдармонӣ мебошад.
Осорхонаи таърихӣ - кишваршиносиии Ховалинг аз маконҳои дигарест, ки имрӯз ифтитоҳ шуд.
Он аз ду ошёна иборат буда, дар он шуъбаҳои асри санг, асри биринҷ, асрҳои миёна, шаҳри Мунки бостонӣ ва дигар давраҳои таърихиро дар бар гирифта, таҷассумгари таъриху тамаддуни қадимаи омӯзандаи миллати тоҷик мебошад.
Ҳамзамон коргоҳҳои мевахушккунӣ ва қаннодиии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Оби Ховалинг”-ро Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, аз намоиши маҳсулот ва техникаи кишоварзӣ дидан карданд.
Коргоҳи навтаъсис имконият дорад, ки тамоми намуди мевагиро коркарду хушк намуда, дар доираи талаботи байналмилалӣ басту банд намояд. Маҳсулоти ниҳоии он бо тамғаи “Меваҳои Ховалинг” омода гашта, ба бозорҳо пешниҳод карда мешавад.
Гуфта мешавад, ки дар як шабонарӯз корхонаи мазкур қудрат дорад, ки то 4 тонна маҳсулотро коркард ва барои фурӯш омода созад.