ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон дар давоми чанд соат ду маротиба такон хӯрд.
Дар ин бора Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон хабар додааст.
Ҷунбиши аввал бомдод, соати 03:17 ба вуқӯъ пайваста, қувваи онҳо 4 баллро ташкил додааст.
Он дар 115 километрии шимолу шарқи Хоруғ воқеъ буда, дар умқи 120 километр рух додааст.
Ҳодисаи дуввум соати 9:19 дар 70-километрии шимолу ғарби Мурғоб ба қайд гирифта шудааст.
Ин дафъа шиддати он ба 4,2 балл расида, дар умқи 202 километр сурат гирифтааст
Дар бораи оқибатҳои зилзила ҳануз маълумот дастрас нашудааст.
Ин минтақа минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ фаъол буда, дар он ҷо зилзилаҳои қувваҳои гуногун пайваста ба амал меоянд.
Дар авоили моҳи май кормандони КҲФ Тоҷикистон барои сокинон чорабиниҳо баргузор карданд, ки дар доираи он мутахассисон қоидаҳои рафтор дар ҳолати заминларзаро омӯзониданд.