ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар остонаи ҷобаҷои толибони покистонӣ дар шимоли Афғонистони раиси пешини амнияти миллии Афғонистони Раҳматуллоҳ Набил бори дигар "тақсим кардани шиносномаи Афғонистон ба террористони хориҷӣ"-ро таъйид кардааст, иттилоъ додааст “Родиои дарӣ”.
Набил дар саҳифаи твиттерии худ бо ишора ба суханон чанде пеши худ дар мавриди тақсим кардани шиносномаи Афғонистон ба кӯчиҳои Покистон, таъкид кардааст, ки набояд дар муқобили таҳдидҳоу чолишҳо пас аз вуқуи онҳо аксуламали зудгузар нишон дод.
Ахиран сухангӯи толибҳо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид гуфт, муҳоҷирони Вазиристонӣ, ки дар имтидоди хати фарзии дюранд зиндагӣ мекунанд ба вилоятҳои дурдаст дар шимоли Афғонистон мунтақил хоҳанд шуд.
Ин тасмим бо мухолифати шадиди чеҳраҳои сиёсии афғони рӯ ба рӯ шудааст.
Бархе аз ин муҳоҷирон низ гуфтаанд, ки намехоҳанд дар вилоятҳои дурдаст зиндагӣ кунанд ва бо тавваҷуҳ ба чолишҳои фаровони иқтисодии худ тавони сохти хонаҳои ҷадид дар вилоятҳои дигарро надоранд.