ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сомон Маҳмадбеков дар рӯзи дуюми Гран Слами Қазоқистон нишони тило ба гардан овехт.
Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, Сомон дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев ғолиб омад.
Сипас дар чорякфинал бар варзишгари Озарбойҷон Зелим Тскаев, дар нимфинал бар намояндаи Гурҷистон Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, мақоми авввал гирифт.
Ин нахустинмедали тило аз мусобиқаҳои Гранд Слам мебошад Қаблан ду ҷудокори тоҷик дар ин мусобиқа медали биринҷӣ гирифтанд.
Ёдрас мешавем, дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат менамоянд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ мекунанд.