Тоҷирони Корея ба Тоҷикистон меоянд

Ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони Ҷумҳурии Корея барои иштирок дар форуми сармоягузорӣ ба шаҳри Душанбе меоянд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Дар шаҳри Душанбе 19 июн Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Корея баргузор мегардад.
Дар ин бора Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, бо ин мақсад ҳайати 30 — нафараи соҳибкорону сармоягузорони ин мамлакат ба Душанбе меояд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ҳадаф аз баргузории Форум ҷалби сармоягузорон ва соҳибкорони Корея ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамкорӣ намудан дар соҳаҳои гуногуни сармоягузорию иқтисодӣ мебошад.
Тоҷикистону Корея ҷудо намудани квотаҳои солона ба муҳоҷирони меҳнатиро баррасӣ карданд
Ҳамзамон манбаъ таъкид кард, ки дар доираи Форуми мазкур вохӯрии дуҷониба дар сиғаи соҳибкор бо соҳибкор (B2B) баргузор шуда, инчунин имзои санадҳои ҳамкорӣ байни доираҳои сармоягузорию соҳибкории Тоҷикистон ва Корея дар назар аст.
Зикр гардидааст, ки ҳайати соҳибкорону сармоягузорони Корея дар ҳошияи Форум бо мақсади шиносоӣ бо фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон аз минтақаҳои саноатии мамлакат ва дигар лоиҳаҳои татбиқшаванда, инчунин аз мавзеъҳои тарихию фарҳангӣ боздид менамояд.