ДУШАНБЕ, 16 июн— Sputnik. Маскав то ҳол аз Душанбе дар бораи нияти пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ишорае нагирифтааст.
Дар ин бора дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург Алексей Оверчук, муовини нахуствазири Русия изҳор дошт.
"Ин бояд тасмими онҳо бошад. Чӣ гуна онҳо онро қабул хоҳанд кард, комилан саволи онҳост", - гуфт ӯ.
Аммо муовини сарвазири Русия банамояндагони Тоҷикистон аз манфиатҳои шомил шудан ба ин созмон хотиррасон кард.
"Ин ба масъалаҳои тиҷорати бидуни монеа, фазои ягонаи гумрукӣ ва бозори ягонаи меҳнат низ дахл дорад", - гуфт Оверчук.
Қаблан нахуствазирони Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишнома дар бораи тиҷорати озоди хадамот дар кишварҳои ИДМ-ро имзо карданд.
Имзои созишнома дар Сочи аслан маънои ташкили бозори ягонаи хизматрасонӣ дар доираи Иттиҳодро дорад, гуфт Алексей Зубетс, директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ба Sputnik Тоҷикистон.
Рӯзҳои 14-17 июн Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург ҷараён дорад.