Маскав дар содироти коло ба Тоҷикистон пешсаф аст

Давоми соли гузашта аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон миқдори зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ фиристода шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Маркази содиротии Маскав барои ба бозорҳои байналхалқӣ баромадан ёрӣ мерасонад.
Дар ин бора шаҳрдори пойтахти Русия Сергей Собянин хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2023 ин марказ иштироки ширкатҳои Маскавро дар намоишгоҳҳо дар Амороти Муттаҳидаи Араб, Эрон, Туркия, Марокаш, намояндагиҳои тиҷоратӣ ба Ҳиндустон, Озарбойҷон ва Тоҷикистон ташкил кардааст.
"Шарикони хориҷӣ, аз ҷумла, ба пешрафтҳои мо дар соҳаи IT, сохтмон, маводҳои ороишӣ ва саноати хӯрокворӣ таваҷҷӯҳ доранд", - гуфт Собянин.
Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 дар байни тамоми минтақаҳои Федератсияи Русия маҳз Маскав аз ҷиҳати содирот ба Тоҷикистон пешсаф буд.
Қайд гардид, ки ба Тоҷикистон маҳсулоти озуқаворӣ, металлҳои сиёҳ ва доруворӣ аз ҳама беш фиристода шуд.
Оверчук: Тоҷикистон бояд барои пайвастан ба ИИАО худаш тасмим бигирад
Илова бар ин, ширкатҳои Маскав дар ҳошияи Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург бо намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон дар бораи вижагиҳои талабот, пешбарӣ ва мавқеъгирии худ дар бозори ҷумҳурӣ суолҳо доданд.
Қаблан кишварҳои ИДМ аз рӯи шумораи қарордодҳо бо пули миллӣ бо Русия пешсаф буданд. Виктория Абрамченко, муовини нахуствазири Русия таъкид кард, дар соли 2023 беш аз 750 қарордод оид ба ғалла, нафт ва шакар бо пули миллӣ баста шуд, ки ин 1,5 млн тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.