Орипов аз таъсиси долони Осиёи Марказӣ тавассути Афғонистон гуфт

Мудири пажуҳишгоҳи тадқиқотии стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон дар бораи татбиқи лоиҳаи долони Осиёи Марказӣ тариқи Афғонистон сухан кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Мудири Пажуҳишгоҳи тадқиқотии стратегӣ ва байниминтақавии Ӯзбекистон Элдар Орипов дар Форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург гуфт, ки Кишварҳои Осиёи Марказӣ болои лоиҳаи долони нақлиётӣ тавассути Афғонистонро баррасӣ доранд.
“Ин долон имкон медиҳад ба бозори 2 миллиарди Осиёи Ҷанубӣ ворид шавем” – гуфт ӯ
Вай илова кард, ки Осиёи Марказӣ барои худ нақши даврони Роҳи бузурги абрешимро бармегардонад.
"Минтақа бо иқтидори нақлиётию коммуникатсионии худ таваҷҷӯҳро ба худ ҷалб мекунад", - гуфт Элдар Орипов дар дар форуми байналмилалии иқтисодии Санкт-Петербург.
Вазорати хориҷаи Русия: дидгоҳи Маскав ва Душанбе дар масъалаи Афғонистон як аст
Вай инчунин афзуд, ки Осиёи Марказӣ ба як чорроҳаи нави ояндадори манфиатҳои иқтисодӣ табдил ёфта, нақши худро ҳамчун пуле, ки Ховари Миёна, Аврупо ва Чинро бо долонҳои боэътимод мепайвандад, барқарор мекунад.
Вай ҳамзамон илова кард, ки Русия ва Чин шарикони асосии тиҷоратии минтақа боқӣ мемонанд.
Элдар Орипов дар ҳошияи ҳамоиши иқтисодии Санкт-Петербург қайд кард, имрӯз субот ва ошкорбаёнӣ рамзи Осиёи Марказӣ шудааст ва таваҷҷуҳ ба минтақа ҳам аз ҷониби шарикони куҳна ва ҳам нав меафзояд.