ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бахтовар Сафарзода сафири тозатаъйини Тоҷикистон дар Беларус ба Александр Лукашенво эътимоднома супорид, хабар медиҳад Белта.
Манбаъ меафзояд, Сафирони навтаъйини нуҳ кишвар ба президенти Беларус эътимоднома супурданд.
Чун анъана Лукашенко дар бораи ҳамкорӣ бо ҳар як кишвар, мухтасар ибрози назар намуд. Ӯ таъкид намудааст, ки Беларус бо давлатҳои Осиё муносибатҳои деринаи дӯстона дорад.
Гуфта мешавад, зимни қабули эътимоднома аз дасти сафири тоҷик, кишвардор изҳор доштааст, ки риштаи дӯстӣ ва бародарии Беларусу Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ канда нашудааст.
"Мо бо ин кишвар аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои мустаҳкам дорем ва ҳарчанд беш аз як насли белорусҳо ва тоҷикон тағйир ёфтаанд, вале риштаҳои дӯстӣ ва бародарӣ ҳеҷ гоҳ канда нашудаанд", - афзуд роҳбари Беларус.
Дар идома ӯ гуфт, ба нигоҳ доштани муносибатҳои хуб, дӯстии деринаи ӯву кишвардори Тоҷикистон мусоидат намудааст. Лукашенко тавзеҳ дод, ки Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими шарикии Беларусу Тоҷикистон корҳои зиёде кардааст.
Дар фарҷом, раисҷумҳури Белорус ба сафирони навтаъйини нуҳ давлат муваффақият таманно кард.
Ёдовар мешавем, чанде пеш бо фармони президент Сафарзода Бахтовар сафири Тоҷикистон дар Беларус таъйин гардид. Ӯ дар ин мақом Ҳақдод Маҳмадшариф Маҳмудро иваз кард, ки вай бинобар баромадани ба нафақа аз вазифа барканор шуд. Ҳақдод Маҳмадшариф ҳамчунин сафири Тоҷикистон дар Эстония, Латвия, Литва ва Финляндия буд.