Дар шаҳри Хуҷанд маҳфили ёдбуди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Исмоил Ҳамзаалиев баргузор гардид.
Ин чорабини дар Хонаи русӣ доир шуд ва даҳҳо толибилмони макотиб, сарбозон ва пайвандони қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуданд.
Ҳамзаалӣ Исроилов, бародарзодаи Ҳамзаалиев дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи корномаи амакаш нақл кард.
Ӯ аз ҷумла гуфт, ки амакаш Исмоил аз курсии омӯзгорӣ барои дифоъи кишвар ба ҶБВ рафт ва дар шаҳри Курск минҳайси тӯпандоз алайҳи танкҳои душман корномаи хуберо ба иҷро расонидааст.
"Дар солҳои ҶБВ овоза мекарданд, ки танкҳои “Тигр” ва “Пантера”- и олмониро тавассути снаряд нобуд кардан ғайриимкон аст, аммо ҳамаи ин қабил танкҳоро Ҳамзаалиев нобуд карда зафар ёфтаанд”, - зикр кард Исроилов.
Барои чунин шуҷоаташ ба Исмоил Ҳамзаалиев унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ дода шудааст, ки ҳоло ҳамаи пайвандонаш ифтихор мекунанд.
Аввали моҳи май дар маркази маъмурии вилояти Суғд бахшида ба 78-умин солгарди Ғалабаи бузург чорабиниҳои тантанавӣ баргузор шуда буданд.