Даъвати Сафири Тоҷикистон дар Русия ба таҷлили 80-солагии Ғалаба дар муҳорибаи Курск

Дар минтақаи Курски Русия, ки моҳи июли соли 1943 дар он ҷо яке аз муҳорибаҳои шадид барои истгоҳи роҳи оҳан сурат гирифт, маҷмаи ёдгорӣ ифтитоҳ мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода барои ширкат дар чорабиниҳои идона бахшида ба 80-умин солгарди пирӯзӣ дар муҳорибаи Курск даъват шудааст.
Тавре волии вилояти Курск Роман Старовойт хабар дод, ба сафирони шаш ҷумҳурии собиқ шӯравӣ низ даъватнома фиристода шуд.
Аз ҷумла, даъватнома ба сафирони Ӯзбекистон, Белорус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон ва Қирғизистон ирсол шудааст.
“Минтақаҳои вилояти Курск низ ният доранд, ки бародшаҳрони худро даъват кунанд", - гуфт раиси волии Курск.
Сафири Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Доғистонро баррасӣ мекунад
Старовойт дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС гуфт, яке аз чорабинии аслӣ ин ифтитоҳи маҷмаӣ ёдгорӣ дар минтақаи Понировский мебошад, ки дар он ҷо дар моҳи июли соли 1943 барои истгоҳи роҳи оҳан яке аз муҳорибаҳои шадид сурат гирифт.
Ёдовар мешавем, ки барои қаҳрамоние, ки дар вилояти Курск зодаи Тоҷикистон Исмоил Ҳамзаалиев нишон дод ӯ сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шуд.
Тоҷики қаҳрамон, ки дар набард ҷони худро аз даст додааст, дар қабристони ёдгории Курск ба хок супурда шудааст.