Эрон: Ҳамкориҳо бо Тоҷикистон боз ҳам густариш хоҳанд ёфт

Мақомоти амниятиии Эрон ахиран эълон кардааст, ки равобит бо кишвари дӯсти Тоҷикистон дар оянда боз ҳам тақвият дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Муовини амнияти интизомӣ Маҷиди Мираҳмадӣ бо ишора ба ҷузъиёти тафоҳумномаи ҳамкории амниятии Эрон ва Тоҷикистон гуфт, ки равобити ду кишвар дар заминаҳои мухталиф густариш меёбад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ба гуфтаи оқои Маҷидӣ, Эрон ва Тоҷикистон дорои тафоҳумномаҳои ҳамкориҳои амниятӣ ҳастанд ва аз якунимсол қабл ва аз замони истиқрори давлати сездаҳум ин тафоҳумномаро иҷроӣ ва амалётӣ кардем.
Абдураҳмон Аламшоҳзода, муовини Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон низ гуфт, ҷумҳурӣ дар ҷаласоти худ бо тарафи эронӣ барои муқобила бо иқдомоти террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ ҳамоҳангӣ ба даст овардем дар ин росто ҷаласоти хубе баргузор ва тавофуқоти хубе ҳам ҳосил шуд, бо вазири кишвар, муовини вазир ва мақомоти амниятии Эрон дидор доштем.
Собирӣ дар бораи роҳандозии чаҳорумин парвози мустақим байни Эрон ва Тоҷикистон хабар дод
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш миёни Тоҷикистону Эрон 15 созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расида буд.
Ҳамчунин дар баробари ин, миёни Минтақаҳои озоди иқтисодии ҳудуди вилояти Хатлон ва корхонаву ширкатҳои Хуросони Разавӣ 9 созишнома дар бораи бунёди корхонаҳои саноатӣ, истеҳсоли қаннодӣ, масолеҳи сохтмонӣ, истеҳсоли таҷҳизоту мошинолот, доруворӣ, истеҳсоли дастгоҳҳои коркарди партовҳои сахти маишӣ, истеҳсоли сутунпояҳои чароғи барқӣ ба маблағи умумии 41 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расид.
Қобили зикр аст, ки қаблан Ёддошти тафоҳум байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Хуросони Разавии Эрон дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва сайёҳӣ ба имзо расида буд.