ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Бозии футбол миёни дастаҳои Тоҷикистон ва Уммонро ҳайати доварон аз Русия ҳакамӣ мекунанд.
Довари ФИФА Кирилл Левников сардовари бозии даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ таъин шуд.
Дар хатҳо ба ӯ ҳамватанон — ёварони довар Андрей Веретешкин ва Егор Болховитин кумак мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Уммон рӯзи 14 июн дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Тошканд баргузор мешавад.
Яккачини Тоҷикистон дар даври аввали сабқати гурӯҳӣ бозиро бо тими Туркманистон мусовӣ (1:1) анҷом дод.
Дастаи Туркманистон аввалин шуда гол зад ва мунтахаби Тоҷикистон танҳо дар охири вақти асосӣ тавонист ҳисобро баробар кунад.
Дар дақиқаи 86-ум Нуриддин Ҳамроқулов аз масофаи наздик зарба зад, ҳарчанд миллипӯшони кишвар имкони задани голҳои бештарро доштанд.